Раҳбари олии Эрон аз посух ба ҳамлаи Исроил гуфт

Раҳбари олии Эрон аз посух ба ҳамлаи Исроил гуфт
Мақомоти Эрон шакли вокуниш ба ҳамлаи Исроилро муайян хоҳанд кард.Дар ин бора Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, зимни як суҳбат бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла изҳор дошт.Хоманаӣ хостори нишон додани тавоноӣ ва қудрати кишвараш гардиду гуфт ҳар кӣ мехоҳад дар амн бошад, бояд қудрат тавонӣ дошта бошад.Вай гуфт, ки режими Исроил ҳоло дар Ғаззаву Лубнон тамоми марзҳоро убур кардааст ва бояд он боздошта шавад.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар ҷаҳон камбудии бузурге нисбат ба режими Исроил вуҷуд дорад.Ҳукуматҳо, миллатҳо, бахусус ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва монанди инҳо дар масъалаи муқовимат бо давлати яҳудӣ воқеан ноком ҳастанд.Ӯ афзуд, ки ҷаҳон бояд бар зидди онҳо биистад, ҳукуматҳо бархезанд, бахусус ҳукуматҳои исломӣ бояд чора андешанд."Ба ин шубҳа нест, не, бояд ӯро аз содир кардани ин ҷиноятҳо боздошт. Бояд як эътилофи ҷаҳонӣ, эътилофи сиёсӣ, эътилофи иқтисодӣ, агар лозим шавад, эътилофи низомӣ алайҳи режими Исроил, ки имрӯз ваҳшиёнатарин ҷиноятҳои ҷангиро содир мекунад, таъсис дода шавад«, — гуфт хоманаӣ.
Дар ҳамин ҳол раҳбари маҷлиси Шӯрои Исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф низ дар як ҷаласаи фаврӣ гуфт, ки посухи Эрон ба ҳамлаи Исроил ҳатмист.
Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии „замин ба ҳаво“ ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.


САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий