Соли оянда ИИАО бозорҳои косметикӣ ва дорувориро тафтиш хоҳад кард
Соли оянда дар назар аст, ки дар кишварҳои ИИАО барои муайян кардани нақзи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар бозорҳои косметикӣ ва доруворӣ таҳлили соҳавӣ гузаронида шавад.Дар ин бора вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Комиссияи иқтисодии Авруосиё Максим Ермолович хабар дод.Ӯ зимни суханронӣ дар Форуми X Авруосиёи, ҳадафҳои асосии стратегиро, ки ба таҳкими фазои умумии рақобатпазирии ИИАО ва ҳамоҳангсозии танзими зиддиинҳисорӣ дар ИИИАО нигаронида шудаанд, муайян кард."Мо аллакай 17 бозори молҳои алоҳидаро муайян кардем, ки дар давоми соли 2025 мехоҳем омӯхтем. Илова бар ин, мо се бахши иқтисодиёти иттиҳодияро муайян кардем, ки барои онҳо таҳлили соҳавӣ гузаронида мешавад бозорҳое, ки ба аҳолӣ бештар ҳассосанд, ин бозори дорусозӣ, бозори атриёт ва косметика ва платформаҳои савдои рақамӣ (бозорҳо) мебошад«, — гуфт Максим Ермоловия.Қаблан ҳайати комиссияи иқтисодии АвруОсиё тасмим гирифтанд, ки бақайдгирии доруҳои дорои аҳамияти махсус дар кишварҳои ИИАО сода карда мешавад.Тартиби тезонидашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори кишвари узви ИИАО амалӣ карда мешавад, агар асос барои эътирофи доруҳо махсусан муҳим бошад. Дар ин сурат тартиб ба ҷои 140 руз акнун 100 руз давом хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)