ҒАЛАБА МУБОРАК! Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё шуд
Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, аз ҳамаи рақибонаш пеш гузашта, унвони қаҳрамониро соҳиб гардид.
Ба иттилои манбаъ, Д. Назаров гурзро ба масофаи 76,14 метр ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гардид. Зинаи дуюм бошад, насиби Ашраф Ал-Сайфии қатарӣ гардид. Сӯҳроб Хоҷаеви тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон баромад мекунад, дар ин мусобиқаи фароқоравӣ ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Д. Назаров бори панҷум аст, ки қаҳрамони Осиё мешавад. Ӯ дар солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ва 2019 ба ин натиҷа ноил гардидааст. Мавсуф барандаи 2 медали нуқра — солҳои 2005 ва 2007 ва як медали биринҷии Чемпионати Осиё соли 2003 низ мебошад.
Бояд зикр кард, ки Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Доҳаи Қатар бо пирӯзии варзишгарони Баҳрайн анҷом ёфт. Онҳо 22 медал (7 тилло, 11 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Чин бо 29 медал (9 тилло, 13 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Япония бо 18 медал (5 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.

Комментарии (0)