Рустами Эмомалӣ президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конгреси  навбатииАссотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA — Central Asian Football Association), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, президенти нави CAFA интихоб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Акнун қароргоҳи CAFA ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мекӯчад»,- иттилоъ доданд аз ФФТ.

Анҷумани навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он  коршиносони сатҳи байналмилалӣ иштирок  намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, баъди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ дар соҳаи футболи тоҷик тағйироти куллӣ ба миён омад. Сохта ба истифода додани садҳо майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ, татбиқи барномаи рушди футболи маҳаллӣ, дастгирии футболбозони наврасу ҷавони миллати тоҷик ва ғолибияти дастаҳои якачини футболи тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаи заҳматҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.

«Рустами Эмомалӣ натанҳо дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷавонону варзишгаронро дастгирӣ менамояд, балки ӯ ҳамеша ғамхору дастгири ҷавонони  мамлакат буда, соли 2017 сарпарастии тамоми чорабиниҳои Соли ҷавононро бар уҳда дошт»,- афзуд  манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ зерсохтор ва ассотсиатсия дар Конфедерасияи футболи Осиё буда, футболро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  назорат мекунад. Ассотсиатсия мазкур  10 июни соли 2014 ташкил шуда, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба ин Ассотсиатсия федератсияҳои футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий