Давлатҳои аъзои СҲИ барои иштирок дар Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланди «Раванди Душанбе» даъват шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши ташаннуҷ ва омилҳои бесуботӣ, аз ҷумла афзоиши хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин мушкилоти экологӣ ёдовар шуда, мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро ҷиҳати амалӣ намудани талошҳои муштарак баҳри муқовимат ба чолишҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин, бо таъкид бар аҳаммияти «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломиро ҷиҳати иштирок дар Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланди «Раванди Душанбе», ки 4-5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Кувайт баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Cарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)