Мансабдор аз Панҷакент зодрӯзашро ҷашн гирифта, аз кор озод шуд
Раиси ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент Аҳмадулло Иброҳимов санаи 20 март зодрӯзашро бо даъвати меҳмонони сершумор дар хонааш ҷашн гирифтааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, барои меҳмонони даъватшуда нисфирӯзӣ ва бегоҳ зиёфат ороста шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин зодрӯз 5 нафар мутасаддиёни комиссияи доимии маҳаллӣ ва дигар шахсони масъули ҷамоати деҳот, аз ҷумла котиб, муҳандиси заминсоз, мутахассис оид ба ҷамъоварии андозҳо, масъули мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти мазкур иштирок намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки прокуратураи шаҳри Панҷакент аз натиҷаи санҷиши ин қонунвайронкунӣ унвонии раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод ирсол намуд, ки баъди баррасии он Иброҳимов А.Н. аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд.
Қобили зикр аст, ки соли 2018 барои риоя накардани меъёрҳои қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" 648 нафар ба маблағи умумии беш аз 3 млн. сомонӣ ҷарима шудаанд.
Комментарии (0)