Дар Туркманистон Рӯзи аспсавор ҷашн гирифта мешавад
Бо дастури президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 27 апрели соли равон дар шаҳри Ишқобод бахшида ба ҷашни миллии Рӯзи шаҳсавор ё аспсавори туркман озмуни байналмилалии зебоии аспҳои ахалтека баргузор мешавад.
Ба иттилои расонаҳои расмии Туркманистон, дастури Бердимуҳаммадов ҳамчунин баргузории озмунро миёни рассомон, пайкарасозон, қолинбофон, аккосон, тарроҳон ва косибон низ пешбинӣ мекунад.
Соли 2018 ба Рӯзи аспсавор мақоми ҷашни миллӣ дода шуд. Раҳбарони 8 вилояти Туркманистон бахшида ба ҷашни мазкур ба муаллифи чандин китоб дар бораи асп Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 8 асп туҳфа карданд. Ҳамчунин аз ҷониби раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, асппарварони кишвар чандин аспи дигар тақдим шуд.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2017/05/e/e8/e83afc47-8e1b-420f-abff-aa01983b761d.mp4]
Шаҳрдори Ишқобод Шомуҳаммад Дурдилиев соли равон вазифадор шудааст, ки пойтахти Туркманистонро ба Рӯзи шаҳсавор ҳамаҷониба омода карда, масъалаи тозагии шаҳрро шахсан таҳти назорат бигирад.

Комментарии (0)