"Фармони 31" рад шуд. Узрхоҳии чанд ширкати мобилӣ аз мардум
Масъулони чанд ширкати мобилии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба зудӣ таърифа ва нархи пешинаи Интернетро барқарор мекунанд. Онҳо барои эҷоди нороҳатӣ аз мардум маъзарат хостанд.
Ширкати "Тселл" шаби 23-юми апрел бо нашри иттилоияе гуфт, "фармони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таҳти рақами 31 аз 4-уми марти соли 2019 бекор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир корҳои фаннӣ ҷараён дорад, то таърифа ва хидматрасониҳои қаблӣ дубора фаъол шавад."
"Мегафон-Тоҷикистон" ҳам дар баёнияе аз қатъи фармони болоравии нархи Интернет ва гуфтугӯи мобилӣ хабар дод. Масъулони ширкат гуфтанд, ба зудӣ дастури президенти Тоҷикистонро барои фаъол кардани хадамоту таърифаҳои қаблӣ иҷро хоҳанд кард.
"Самимона умедворем, ки мардум моро дарк мекунанд", - гуфтаанд масъулони ширкат. Вале ҳарду ширкат ҳам нагуфтаанд, ки нарх ва таърифаҳои пешинаи Интернет аз кай фаъол хоҳад шуд.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел нархи Интернет, гуфтугӯи мобилӣ ва NGN-ро боло бурданд. Нархи як мегабайт Интернети мобилӣ бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам ва қимати як гигабайти он 62 сомонӣ таъйин шуд. Қаблан як гигабайт Интернет аз 30 то 35 сомонӣ буд.
Аз ин тасмим Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам ҷонибдорӣ карда, онро барои ҷамъоварии молиёти бештар муҳим донист. Назар Одиназода – муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ – дар суҳбате бо Радиои Озодӣ гуфта буд, то имрӯз қимати як мегабайт Интернет дар кишвар то 50 дирам буд ва онҳо баръакс онро поин оварда, ба 5 дирам (бе андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) расонданд.
Мухолифони қарори боло бурдани нархи Интернет мегуфтанд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ кору иқомат мекунанд ва ягона василаи иртиботи волидон ё зану фарзанди онҳо бо муҳоҷирон Интернет аст.
Ин баҳс тӯли ду ҳафта ба шиддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён дошт. Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат кунанд. Онҳо рӯзи 22-юми апрел ба ҷамъоварии имзо дар Душанбе оғоз карданд.
Шоми 23-юми апрел ғайриинтизор хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки "нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд" ва "нисбат ба шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд".
Дақиқ гуфта нашудааст, ки афроди масъули боло бурдани нархи Интернет дар Тоҷикистон кӣ буданд ва чӣ ҷазо гирифтанд? Ва зарари маънавӣ ва молие, ки сокинон тайи тақрибан ду ҳафтаи охир диданд, чӣ гуна ҷуброн хоҳад шуд? Дар ҳоле ки рӯзи сешанбе раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди масъули боло бурдани нархи Интернет ва гуфтугӯи мобилӣ, аз мақоми худ озод ва ҳамон рӯз муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд.

Комментарии (0)