Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон
9 сентябри соли 2024
Ҳамватанони азиз!Ҷашни барои ҳар як фарзанди Тоҷикистон муқаддасу мубораки 33-солагии истиқлоли давлатӣ фаро расид.
Ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад, тамоми мардуми сарбаланди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ иброз медорам, ки расидан ба истиқлоли сиёсӣ ва таъсис додани давлати соҳибихтиёр бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин падидаи таърихи муосири халқи тоҷик мебошад.
Ин рӯйдоди беназир ҳамчун оғози таҳаввулоти бунёдӣ дар сарнавишти миллати бостонии тоҷик заминаи устувори худшиносии миллии мардуми моро фароҳам овард, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оғози ташаббусҳои созанда омили муттаҳидсоз гардид.
Истиқлолу озодӣ барои ҳар фарди Тоҷикистон арзиши муқаддастарин, сарвати гаронбаҳотарин ва сарчашмаи саодат ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ба шарофати истиқлол давлати Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, кишвари азизи мо ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст.
Аз ин лиҳоз, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии мост, ки ҳамеша шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Расидан ба чунин рӯзи босаодат, яъне соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидан ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу овози баробар бо дигар кишварҳоро ноил шудан ормони деринаи халқи мо буд.
Вале Тоҷикистони мо ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини истиқлоли давлатӣ, яъне ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ гирифтор гардид.
Дар натиҷа миллати тоҷик бо хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ гардид ва давлати ҷавони тоҷикон дар остонаи нобудӣ қарор гирифт.
Яъне бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон як сарзамини ободу хуррам, як миллати бостониву мутамаддинро ба хоку хун кашиданд ва сокинони ин обу хоки муқаддасро ба қашшоқиву муҳтоҷӣ расониданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон он зарбаи ҷонкоҳ ва рӯзҳои сахту сангини пур аз даҳшату машаққатро фаромӯш накардаанд ва ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Ҳамватанони азиз!
Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ маҳз ба шарофати майлу иродаи қавӣ ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи тоҷик давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот дода, ягонагии ҳудуди кишвар ҳифз карда шуд.
Ҳамзамон бо ин, фаъолияти аркон ва сохторҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ барқарор гардида, беш аз як миллион гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргардонида, мардум сарҷамъ ва миллати тоҷик аз хатари парокандагӣ наҷот дода шуд.
Рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул карда шуданд, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин ва ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ оғоз гардида, буҳрони шадиду фарогири иқтисодӣ ба эътидол оварда шуд ва раванди эҳёи арзишҳои миллӣ самту суръат ёфт.
Бо амалӣ гардидани иқдомоти зикршуда барои заҳмати ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, ҷиҳати барқарорсозии баъдиҷангӣ, яъне бартараф намудани оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заминаҳои зарурӣ гузошта шуданд.
Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо кард ва дар ҳалли як силсила мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои обу иқлим саҳми назаррас гузошт ва ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор мавриди эҳтирому эътироф қарор гирифт.
Яъне имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро на танҳо мешиносад ва эътироф мекунад, балки ташаббусҳои байналмилалии онро пуштибониву дастгирӣ менамояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор доштанд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имконияту захираҳо барои таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Бо мақсади идома додани ин раванд дар паёми имсолаи Президент ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ мо тамоми саъю талоши худро дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани он, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат муттаҳид сохтем.
Дар ин давра бо заҳмати содиқонаи мардумамон беш аз 2200 километр роҳ, даҳҳо километр нақб ва садҳо пули ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд карда, ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил гардидем.
Яъне Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба мамлакати транзитӣ мубаддал сохтем.
Танҳо аз файзу баракати истиқлол мо имкон пайдо кардем, ки бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро оғоз намуда, сохтмони ин иншооти азимро вусъат бахшем ва агрегатҳои аввалини онро ба кор андозем.
Ҳамзамон бо ин, неругоҳҳои «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2» ва даҳҳо неругоҳи миёнаву хурд бунёд карда, 75 фоизи шабакаҳои энергетикии мамлакатро таҷдиду бунёд кардем, таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳи «Сарбанд»-ро ба анҷом расонидем ва низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овардем.
Имрӯзҳо бунёди неругоҳи «Роғун» ва корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» босуръат идома доранд.
Ҳамватанони азиз!
Солҳои охир мардуми сайёра бар асари тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолии паёпай, офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба мушкилоти бисёр ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.
Илова ба мушкилоти экологӣ, хусусан, чор – панҷ соли охир авзои ҷаҳон торафт мураккабу печида гардида, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ рӯз ба рӯз вусъат пайдо карда истодаанд.
Ёдовар мешавам, ки таъсири манфии таҳдиду хатарҳои муосир ва мушкилоти зикршуда ба Тоҷикистони азизи мо низ расида истодааст.
Дар чунин давраи ноором мо бояд барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он ҳамеша ҳушёру омода бошем ва дар ғафлат намонем.
Таъмин намудани амният ва суботу оромӣ дар мамлакат на танҳо яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумат мебошад, балки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад.
Зеро амалӣ гардидани ормону орзуи ҳар як шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ имкон дошта метавонад.
Дар ин росто, мо бояд насли наврасу ҷавонро бо таърихи бисёр қадимӣ ва шукӯҳманду пурифтихори миллати тоҷик, бо мақому манзалати забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, бо фарҳанги рангорангу ғановатманди бостонӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллӣ ҳарчи бештар ошно намоем.
Мо бояд дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем.
Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем.
Зеро «Шоҳнома» маҳзари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад.
Чанд рӯз пештар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ»-ро эълон намудем.
Имрӯз раванди ободониву созандагии Ватани маҳбубамон босуръат идома дорад.
Мо бояд тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар созем.
Яъне аз хонаву кошона ва маҳалли зисти худамон сар карда, тамоми шаҳру ноҳияҳои сарзамини аҷдодиамонро то дурдасттарин деҳоти он ободу зебо гардонем.
Эътимоди комил дорам, ки бо кору фаъолияти ватандӯстонаву содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан мо дар солҳои наздиктарин ҳамаи мушкилоти мавҷударо бартараф карда, ҷашни бошукӯҳи 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои боз ҳам бузург истиқбол мегирем.
Бо ибрози чунин ниятҳои нек ҷашни сивусесолагии истиқлоли давлатиро бори дигар ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаи онҳо хонаи обод, саодати рӯзгор, сулҳу оромӣ, ки асоси хушбахтии халқамон ва ободиву сарсабзии Ватани маҳбубамон мебошад, инчунин, комёбиву барори кор орзу менамоям.
Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо ҳамеша пойдор ва умри истиқлоли мо ҷовидон бошад!
Ҳамеша саломату сарфароз ва бахтёру комгор бошед, ҳамватанони азиз!
Ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатӣ ба ҳар хонадони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон муборак бод!
Комментарии (0)