Мулоқоти вазарони хориҷаи Тоҷикистону Туркия: Муҳриддин ба Чавушоғлу чӣ пешниҳод кард?

Мулоқоти вазарони хориҷаи Тоҷикистону Туркия: Муҳриддин ба Чавушоғлу чӣ пешниҳод кард?
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Туркия бо Мевлут Чавушоғлу ҳамтои туркиаш ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризмро баррасӣ кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ  22 апрели соли равон бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлут Чавушоғлу мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон. 

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба  ва дурнамои густариши ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Аз ҷумла тарафҳо дар мавриди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳо  табодули афкор намуданд”, - таъкид намудааст вазорати хориҷа.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар баробари ин тарафҳо иқдомоти муштараки минбаъдаи худро дар робита ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркияро ба имзо расонданд.

Пас аз мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий