Путин шарҳ дод, ки чаро мақомоти Украина оташбасро намехоҳанд
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, мақомоти Украина ба хотима додани ҷангҳо манфиатдор нестанд, зеро онҳо ба интихоботи президентӣ омода нестанд.Ин ҳарфҳоро роҳбари Русия зимни дарси кушоди «Гуфтор дар бораи чизҳои муҳим» дар мактаби миёнаи № 20 ба номи Қаҳрамонони Ватани Қизил баён намуд.Ба гуфтаи Путин, дар сурати қатъ шудани амалиёти ҷангӣ, мақомоти Украина бояд вазъи низомиро лағв кунанд ва баъдан бояд фавран интихоботи президентӣ баргузор шавад."Ҳукуматдорони ҳозира ба ин омода нестанд, ки аз нав интихоб шаванд, бинобар ин онҳо ба қатъи амалиёти ҷангӣ манфиатдор нестанд ва дар вилояти Курск иғво содир карда буданд ва қаблан дар Белгород ба чунин иғвогарӣ даст заданд.Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ба суръати ҳамлаи артиши Русия дар Донбас ишора карда, гуфт, ки Маскав ҷангиёни украинаӣ дар минтақаи марзии вилояти Курскро бартараф хоҳад кард.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)