Дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ баҳогузории 10-хола дар бархе мактабҳо роҳандозӣ шуд

Дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ баҳогузории 10-хола дар бархе мактабҳо роҳандозӣ шуд
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низоми низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар 140 муассисаи таълимӣ роҳандозӣ гардидааст.Қайд карда шудааст, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи маориф низоми тоза ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор мегирад."Пас аз анҷоми он, дар асоси натиҷаҳои озмоиш ва пешниҳоду дархостҳои тарафҳо, Вазорати маориф ва илм таҳияи Низомномаи баҳогузории 10-хола ба меърёҳои арзёбии сатҳи дониш, малака, маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст«, — қайд кардаанд масъулини вазорат.
Ҳамчунин вазорати маориф зикр кардааст, ки дар низоми баҳогузории 10-хола арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар меҳвар қарор дошта, натиҷаҳои он барои муайян кардани баҳо ба дониши хонанда нақши ҳалкунанда мебозад."Арзёбии ташхисӣ барои муайян кардани сатҳи ибтидоии дониш, малака ва маҳорати хонанда, ҷамъ овардани маълумот дар бораи қобилияти ӯ ва муайян кардани стратегияи таълим истифода бурда мешавад«, — қайд кардааст вазорати маориф.Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки дастовардҳои таълимии хонандагон аз рӯйи ҷадвали ифодаи рақамии Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои (чаҳордараҷаӣ)-и арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон баҳогузорӣ карда мешаванд.Дараҷаи паст холи (баҳо)-и 1-ро дар бар мегирад, ки ба хонанда аз рӯйи азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии он дар ҳаҷми пасттарин ҳам таъмин карда нашудааст, гузошта мешавад.
Дараҷаи ғайриқаноатбахш — баҳои 2 ба хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро дар сатҳи паст нишон дода, ба хатоҳои ҷиддӣ ва ҷузъии зиёд роҳ медиҳад, гузошта мешавад. Дараҷаи нокифоя -баҳо (хол)-и 3 мебошад, ки дар он хонанда маводи назариявӣ ва амалии таълимиро бо кумаки омӯзгор дар ҳаҷми нокифоя аз худ мекунад, вале дар амал онҳоро татбиқ карда наметавонад. Дараҷаи миёна — баҳо (хол)-и 4 ба хонандае гузошта мешавад, ки мазмуни қисмҳои матн, қоидаҳо, таърифҳо, формулаҳо, қонунҳо ва ғайраро камтар аз ҳадди ақали талаботи барномаи таълим аз худ мекунад.Ҳамин тавр, баҳои (хол)-и 10 ба он хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро бештар аз талаботи барномаи таълим намоиш медиҳад.Татбиқ ва ба роҳ мондани низоми баҳогузории 10-хола дар иртибот бо корҳои тавзеҳӣ бо падару модарон ва худи хонандагон сурат мегирад.Қайд карда шудааст, ки дар рӯзномаю дафтари кории хонанда баҳогузорӣ дар шакли рақамӣ ва дар қавс ба таври хаттӣ гузошта мешавад:
10 (аъло), 9 (олӣ), 8 (хубтар), 7 (хуб), 6 (кофӣ), 5 (қаноатбахш), 4 (кам), 3 (нокифоя), 2 (пасттар), 1 (пасттар). Бояд таъкид намуд, ки ба дониши хонандагон дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ баҳо гузошта намешавад.Дар зинаи якуми таҳсилот (синфҳои 2-4) вобаста ба фанҳои таълимӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон (тавре ки дар боло зикр кардем) баҳогузорӣ карда мешавад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​


Комментарии (0)

Оставить комментарий