Омори тозаи вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина дар вилояти Курск
Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки артиши Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як шабонарӯз то 400 низомии украинӣ ва 12 мошини зиреҳпӯшро нобуд карданд."Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 400 нафар низомиён ва 12 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, инчунин се тӯпхона, як мушакандози чандгонаи MLRS, як мошини ҷангии падофанди ҳавоӣ, як мошини ҷанги электроникӣ, 12 худрав ва ду техникаи муҳандисӣ инженерй«, — иттилоъ додааст вазорати дифоъ.Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки амалиёти нобудсозии воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина идома дорад.Дар маҷмӯъ, дар ҷангҳо дар самти Курск артиши Украина беш аз 9300 нафар сарбоз ва 80 тонкро аз даст додааст.
Иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)