Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баъди мулоқот санад ба имзо расонидаанд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баъди мулоқот санад ба имзо расонидаанд
Вазирон санад дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ миёни Вазоратҳи корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркияро ба имзо расониданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмияш  бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлут Чавушоғлу мулоқот намуда, Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи кишвар.

Манбаъ афзудааст, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба  ва дурнамои густариши он ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳо  табодули афкор намуданд.
Дар баробари ин ду ҷониб иқдомоти муштараки минбаъдаи худро дар робита ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ  Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркияро имзо намуданд.

Аз натиҷаи гуфтушунидҳо вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий