ОҒОЗИ ФИШОРҲО БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ИМЗОҲО ЗЕРИ НОМА БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ОҒОЗИ ФИШОРҲО БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ИМЗОҲО ЗЕРИ НОМА БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Рӯзи 23 апрел мақомот ба фишорҳо алайҳи ихтиёриёне, ки зери нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба боло бурдани нархи Интернет имзо ҷамъ меоварданд, сар кардаанд. Созмони Human Rights Vision Foundation дар ин бора дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дода, навишт, субҳи 23 апрел кормандони шуъбаи чоруми ВКД ба яке аз толорҳои зебоии шаҳри Душанбе омада, асноди ин корхона ва ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки зери нома ба президент имзо кардаанд, гирифтаанд. Рӯзи 22 апрел як гуруҳи ихтиёриён дар назди театри опера ва балет ва дигар гӯшаҳои Душанбе зери номае, ки дар он аз президент бекор кардани фармони боло бурдани нархи Интернет талаб мешуд, садҳо имзо ҷамъ оварданд.Мақомот хабари ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи шурӯи фишорҳо ба зидди ташаббускорони нома ба президентро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои Human Rights Vision Foundation (HRVF), як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, ки марказаш дар Ҳолланд қарор дорад, субҳи 23 апрел кормандони шуъбаи чоруми ВКД ба яке аз толорҳои зебоӣ дар Душанбе омада, аз соҳиби ин муассиса таҳти таҳдид тамоми аснод, аз ҷумла рӯйхатти ҳамаи онҳоеро, ки зери нома ба президент бо дархости бекор кардани фармони боло бурдани нархи Интернет имзо карданд, гирифтаанд.

"Кормандон ва мизоҷони толори зебоиро дастгир карданд. Кормандони ВКД аз шаҳрвандон талаб доранд, то номи ташаббускорони ин маъракаро ошкор кунанд”, - хабар HRVF.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ чунин рафтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва хилофи Қонуни асосӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ин кишвар номидааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонунгузории Тоҷикистон ҳаққи озодии баён ва ҳаққи муроҷиати инфиродӣ ва муштарак ба идораҳои давлатиро кафолат дода ва сонсури давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ кардааст.

HRVF ба додситони кул, омбудсмен ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, то ба ин қазия дахолат карда, пеши роҳи поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бигиранд ва гунаҳкоронро ҷазо диҳанд.


Аз 18 апрел бар асоси як фармоиши Хадамоти зиддинҳисорӣ нархи Интернет, гуфтугӯҳои телефонӣ ва дигар хидматрасониҳои ширкатҳои мобил дар Тоҷикистон ба карат боло бурда шуд. Ин иқдом мавҷи эътирозҳоро дар ҷомиа ба бор овард.

Рӯзи 22 апрел як гуруҳи ихтиёриён дар шаҳри Душанбе аз мардум хостанд, то зери нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон бо дархости бекор кардани фармони боло бурдани нархи Интернет имзо гузоранд. Бино ба гузориши радиои "Озодӣ”, танҳо дар майдони назди театри опера ва балет дар як муддати кӯтоҳ зери ин нома беш аз 200 кас имзо гузоштанд.

Рӯзи 23 апрел бо қарори ҳукумат Саъдӣ Қодирзода аз мақоми раиси Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд. Ин бисёриҳоро умедвор кард, ки шояд акнун президент Эмомалӣ Раҳмон фармони Қодирзода дар бораи боло бурдани нархи Интернетро низ бекор мекунад.

Вале билофосила баъди барканориаш аз мақом Саъдӣ Қодирзода бо амри президент муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президент таъйин карда шуд, ки ин мардумро дигарбора ноумед кард ва мавҷи интиқодҳо аз сиёсати кадрии ҳукуматро ба бор овард.

Сарчашма: https://akhbor.com/-p9060-155.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий