Тоҷирони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратӣ байни доираҳои кории минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Остона 22 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳамоиш ҳафтаи гузашта дар доираи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.
Чӣ гуна Ҷопон соҳаи тандурустии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунадДар санадҳои имзошуда роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва экология, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ, маориф, мошинсозӣ, тиб ва сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.
Дар кори форум муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мидораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Юсуфзода суханронӣ намуда, дар бораи имконоти сармоягузории Тоҷикистон маълумот дод.
Тибқи маълумоти Кумита, дар кори форум беш аз 350 намояндагони ширкатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳои минтақа ва Ҷопонро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, иштирокчиён зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаро барои ноил шудан ба рушди устувор ва таҳкими суботи молиявӣ дар кишварҳои минтақа таъкид намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва системаҳои молиявӣ низ мавриди муҳокимаронӣ гардид.
Зикр мегардад, ки форум барои табодули таҷриба ва таҷрибаҳои беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард.
Осиёи Марказӣ: чӣ намегузорад, ки ҳамгироӣ сурат бигирад?Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон такони нав бахшида, ба рушди иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа мусоидат менамояд.
Бино ба маълумоти Кумита, тайи ду соли ахир Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 42,5 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.
Ҳаҷми умумии гардиши моли дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 44,3 млн долларро ташкил дод, ки 48% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Зиёда аз 99,3% аз ҳаҷми гардиши моли дуҷониба ба воридоти мол аз Ҷопон ба Тоҷикистон рост меояд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)