Ҷаҳиши якбораи нархи гази моеъ дар ҳавои гарми тобистон дар навоҳии Суғд

Ҷаҳиши якбораи нархи гази моеъ дар ҳавои гарми тобистон дар навоҳии Суғд
Қимати гази моеъ яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар навоҳии Суғд дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ якбора то як сомонӣ баланд шуда то ба 6, 2 сомонӣ дакка задааст.Ҳудуди як моҳи пеш ин навъ маводи сӯхт бо нархи то 5, 2 сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он қобили хариш буд.Дар ҳамин ҳол арзиши бензин ҳам то 0, 20 дирам боло рафтааст.Масъулони ширкатҳои чаканафурӯшӣ дар Хуҷанд сабаби якбора баландшавии нархро аз арзиши воридотии он рабт медиҳанд.
Бино ба гуфтаи манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар муқоиса ба рӯзҳои гузашта арзиши фурӯши яклухти ҳар кило гази моеъ ба 12 сомонӣ ва ҳар литри бензин ба 9 сомонӣ баланд шудааст."Фурӯши чаканаи газу бензин хароҷоти худро дорад, масъала масрафи барқи таҷҳизотҳои тақсимкунанда, ҳаққи коргарон, пардохти андоз. Аз ҳамин лиҳоз нархҳо баланд мешавад« — изҳор намуд, роҳбари яке аз ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд.
Зимнан дар тоблуҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар навоҳии Суғд мушоҳида мешавад, ки ба ҷузъ гази моеъ арзиши бензин ҳам гарон шудааст:Гази моеъ — 6, 2 сомонӣБензини АИ 92 — 10, 2 сомонӣБензини АИ 95 — 10, 6 сомонӣСӯзишвории дизелӣ ё солярка — 11 сомонӣБисёре аз ронандаҳои тоҷик тахмин мезананд, ки дар фасли гармои тобистон қимати маводи сӯхт поён меравад, аммо ҳоло баръакси ин интизориҳо нархо баланд шудааст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.

САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий