Дар Тоҷикистон рақамҳои сабз барои худравҳо пайдо мешавад: Онро ба киҳо медиҳанд?

Дар Тоҷикистон рақамҳои сабз барои худравҳо пайдо мешавад: Онро ба киҳо медиҳанд?
Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон аз 2 апрели соли равон, ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар БДА ба автомобилҳои барқии мусофирбарӣ рақамҳои сабз дода мешаванд.Дар ин бора вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, қарор дар бораи додани рақамҳои сабз ба мошинҳои барқии мусофирбар дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи нақлиёти мусофиркашонии барқӣ дар пойтахт барои солҳои 2023-2026 қабул карда шудааст.Қаблан қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи то 1 сентябри соли 2025 пурра гузаштан ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ ба имзо расида буд.
Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати кироякаши таксӣ фаъолият менамоянд, ки барои онҳо 4350 квота барои воситаҳои нақлиёти кироякаш муайян шудааст.
То 6 июни соли 2024 аз 4350 воситаи нақлиёти кироякаш 2451 адади онро электромобил ташкил медиҳад. 1914 адади он воситаи нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз мебошад, ки намои зоҳирии онҳо зард аст. Таносуби электромобил нисбат ба талабот 56, 3 фоизро ташкил медиҳад.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий