Омодагӣ ба зимистон: Расулзода аз "Маркази барқу гармидиҳии"-и шаҳри Душанбе хабар гирифт

Омодагӣ ба зимистон: Расулзода аз "Маркази барқу гармидиҳии"-и шаҳри Душанбе хабар гирифт
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулинро вазифадор намуд, ки фаъолияташонро тақвият бахшанд ва барои ҳарчи зудтар таъмин намудани сокинони пойтахт бо гармӣ аз имконоти мавҷуда мақсаднок истифода баранд.Қайд карда шудааст, ки барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистон ва омодагии ҳамаҷонибаи «Маркази барқу гармидиҳии-2"-и шаҳри Душанбе корҳои зерин, аз ҷумла турбоагрегатҳои № 2 ва №-4, турбоагрегатҳои №-1 ва №-3, дегҳои буғии 1,2,3,4, бунгоҳҳои гармитақсимкунии № 1 ва № 2, 4 трансформатори қудратии Т-1 ва Т-2, васлакҳои элегазии- 220 килаватт Т-1 ва Т-2 аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, дастгоҳу таҷҳизот пурра ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода карда мешаванд.Ҳамчунин сарвазири кишвар ба масъулин супориш дод, ки корҳои таъмирӣ дар иншооти мазкур бо сифат ва суръати баланд ба анҷом расонида шавад ва бо фаро расидани мавсими сармо тамоми бинову иншооте, ки ба низоми гармидиҳии пойтахт пайваст ҳастанд, бе мушкилӣ ва сари вақт таъмин карда шаванд.Ёдовар мешавем, ки «Маркази барқу гармидиҳии-2"-и шаҳри Душанбе яке аз иншооти асосии таъминкунандаи неруи барқ ва гармӣ дар пойтахт ба ҳисоб рафта, тавоноии он 400 мегаватт неруи барқ ва 235 Гкаллория гармӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар «Маркази барқу гармидиҳии-2"-и шаҳри Душанбе, дар доираи нақша-чорабиниҳо корҳои таъмирӣ ва навсозӣ дар қисми зиёди таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасонӣ иншоот ба анҷом расонида шуда, таъмири турбоагрегатҳо ва захираи ангишт дар нуқтаҳои нигоҳдорӣ ва анборҳои марказ идома дорад.
Барои фаъолияти доимии Марказ дар давраи тирамоҳу зимистон ва саривақт таъмин намудани бинову иншоот бо барқу гармӣ захираи беш аз 1 миллиону 100 ҳазор тонна ангишт зарур аст ва то то 17 июли соли 2024 дар базаҳои нақлиёт ва таъминот захираи умуми ангишт бо назардошти боқимондаи ангишт аз соли 2023 — бештар 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 «Маркази барқу гармидиҳии-1» ва филиали «Маркази барқу гармидиҳии-2», дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ» тасмим гирифтаанд, ки бо неруи гармӣ 3200 иншооти шаҳри Душанберо таъмин намоянд.

САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий