Расулзода аз саҳми вилояти Свердловски Русия дар рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид кард

Расулзода аз саҳми вилояти Свердловски Русия дар рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид кард
Дар мулоқот Қоҳир Расулзода Русияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номида, саҳми вилояти Свердловскро дар рушди муносибатҳои дуҷониба баланд арзёбӣ кард.Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф низ дар меҳвари мулоқоти ҷонибҳо қарор дошт.Дар ҳамин ҳол, Евгений Куйвашев дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон гуфт, ки имкониятҳои вилояти Свердловск, ҳамчун бузургтарин маркази саноатии Урал ва тамоми Русия, метавонад барои рушди бо суръати саноаткунонии Тоҷикистон кумак намояд.
«Мо омодаем таҷриба ва салоҳиятҳои худро барои татбиқи барномаи саноаткунонии босуръати Тоҷикистон пешниҳод намоем. Мо ҳоло ҳамкориҳоро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ тақвият медиҳем. Аз ҷумлаи муваффақтаринҳо интиқоли таҷҳизоти энергетикӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи пайвастани Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, мелиоратсия ва ҳосилхезии заминҳо ва истихроҷи сурма мебошанд», — гуфт Евгений Куйвашев.
Раиси вилояти Свердловск гуфт, дар ҳоли ҳозир вилоят лоиҳаи навсозии зербиноҳои гидротехникии вилояти Суғди Тоҷикистонро баррасӣ дорад.Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «INNOPROM» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.

САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий