Наҷоти сайёҳ аз Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон

Наҷоти сайёҳ аз Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки шаҳрванди Русия, ки ҳангоми кӯҳгардӣ мор газида буд, дар бемористон бистарӣ шудааст.Ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ қайд намудааст, ки ин ҳодиса ахиран дар кӯҳистони Варзоб дар наздикии рустои Сиема рух додааст."Як сокини маҳаллӣ ба нуқтаи навбатдорӣ муроҷиат кард ва хабар дод, ки пои як сайёҳро мор газид ва ӯ ба кумак ниёз дорад. Наҷотдиҳандагон ҳамроҳ бо таҷҳизоти худ ба ҷойи ҳодиса расида, сайёҳи русро пайдо карданд. Ӯ зодаи 29-солаи минтақаи Хабаровски Русия будааст. Ба номбурда ёрии аввалия расонида шуд. Сайёҳ 6 километр дуртар аз роҳи асосӣ будааст«, — қайд кардааст КҲФ.Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки сипас сайёҳро наҷотдиҳандагон бо истифода аз биронкор аз ҷойи ҳодиса поин оварда, ба яке аз беморхонаҳои клиникии шаҳри Душанбе расонданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта гуруҳи панҷнафарии куҳнавардони Русия барои фатҳи қуллаи кӯҳ ба деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ рафта ва яке аз онҳо дучори мушкил бо саломатӣ шуда буд.
Ҳангоми фатҳи яке аз қуллаҳо як узви гуруҳ, марди 50-сола аз эҳтимоли шамолхӯрии шушҳо шикоят кардааст.Дар пайи муроҷиат ба КҲФ, ҳамаи куҳнавардони гурӯҳ бо чархболи нерӯҳои марзбонӣ ба Душанбе интиқол дод.

САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий