Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз манъи "идгардак" ҷонибдорӣ мекунанд?

Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз манъи "идгардак" ҷонибдорӣ мекунанд?
Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон"-ро баррасӣ мекунанд.Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон, баррасии қонуни мазкур дар иҷлосияи ҳаждаҳум дар назар аст, ки рӯзи 19 июни соли равон дар Душанбе аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумон, Рустами Эмомалӣ даъват шудааст.Дар ин ҷаласа қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», тағйирот ба кодексҳои ҷиноятию маъмурӣ низ баррасӣ мешаванд, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шудаанд.Баррасии тағйирот ба қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон» дар ҳолест, ки тибқи меъёрҳои он расман идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамазон ва Қурбон манъ шуд.
Раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро дар Маҷлиси намояндагон шарҳ дода, гуфта буд, ки таҳрири нав ба талаботи замон ҷавобгӯ аст.Ҳамин тариқ, тибқи иловаву тағйироти нав дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон» дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд.Давлатзода иллати манъ кардани идгардакро ба таъмини амнияти кӯдакон ва тарбияи дурусти онҳо рабт дода, гуфтааст, ки дар кишварҳои дигар идгардак дар шакли мавҷуда мушоҳида намешавад.

САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий