Ҷудокорони ҷавон дар Суғд барои роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон зӯр меозмоянд

Ҷудокорони ҷавон дар Суғд барои роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон зӯр меозмоянд
Чемпионат байни ҷавонон дар риштаи ҷудо барои пайдо кардани чеҳраҳои нави боистеъдод барои гирифтани роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон баргузор шуда истодааст.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки Чемпионат ба хотири таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ амалӣ шуда истодааст.Иштирокдорон метавонанд, роҳхат ба чемпионати ҷаҳон, ки аз 2 то 5 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бори аввал дар таърихи кишвар баргузор мегардад, соҳиб шаванд.Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, гуфт, намуди варзиши ҷудо яке аз намудҳои маъмули варзиш дар кишвар ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳ ва дастгирии ин намуди варзиш рӯз аз рӯз меафзояд.
«Аз ҷониби давлат тамоми шароиту имкониятҳои мусоид барои варзишгарони кишвар, аз ҷумла ҷудочиён фароҳам оварда шудааст, ки онҳо аз ин шароиту имконият самаранок истифода бурда истодаанд», — гуфт раиси Суғд.
Вай зикр намуд, ки ҷудокорони тоҷик тавонистанд, ки 6 роҳхати Бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Парижи давлати Фаронса баргузор мегардад, ба даст оваранд, ки дар таърихи ҷудои кишвар бори аввал мебошад.Дар чемпионати ҷавонон ҳамчунин ба варзишгарони муваффақи кишвар, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро аз рӯи ҷудо ба даст овардаанд, ҷомаи миллӣ тақдим карда шуд, афзуд дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий