Эълони роҳбандии семоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино барои тақрибан се моҳ баста хоҳад шуд.Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри қарори марбутаи раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ хабар додаст.Манбаъ масдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масирро ба анҷом додани корҳои таъмирӣ дар кӯчаи Шамсӣ рабт додаст.Таъкид шудааст, ки маҳдудият аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Абӯалӣ Сино, аз 29 май то 20 августи соли равон амал хоҳад кард.
Дар робита ба ин Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилиро, ки дар кӯчаи Шамсӣ аз хиёбони Ғафуров то хиёбони Сино мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намоянд.
Таъкид шудаст, ки аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунанда барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин шаванд.Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти вазифадор шудаст, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣ андешад.
САРЧАШМА:sputnik

Комментарии (0)