Расонаҳои Ғарб: Зеленский медонад, ки Украина "вақти зиёд надорад"

Расонаҳои Ғарб: Зеленский медонад, ки Украина "вақти зиёд надорад"
Украина барои истодагарӣ дар баробари Русия вақти зиёд надорад ва раисҷумҳур, Владимир Зеленский инро медонад, навиштааст TelegraphЗеленский медонад, ки Украина «вақти зиёд надорад» Киев метавонад дар низоъ «ҳамагӣ чанд моҳ» муқовимат кунад, таъкид намудаст нашрия.Манбаъ афзуд, ки Ғарб таваҷҷуҳи худро ба ҳимоят аз Киев аз даст медиҳад ва Русия дар тавлиди муҳимот бартарии бештар дорад.Ахиран хабар дода шуд, ки тавлидоти аслиҳаи мушакӣ ва артиллерӣ дар Русия беш аз 22 маротиба, таҷҳизоти ҷангии электронӣ ва иктишофӣ — 15 маротиба, бесарнишинҳо 4 баробар афзоиш ёфтаанд
Русия бояд ҳамеша аз душман як қадам пеш бошад, он гоҳ ғалаба бар ҳариф кафолат дода мешавад, изҳор дошта буд президент, Владимир Путин.Раисҷумҳур аз равобити бевоситаи тавлидкунандаҳои лавозимоти низомӣ бо онҳое гуфт, ки дар ҷабҳа меҷанганд. Корхонахои мудофиаи Русия дар давоми амалиёти вижаи низомӣ истеҳсоли лавозимоти ҳарбиро 14 баробар зиёд кардаанд, илова намуд ӯ.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд».
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф «ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина» ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули «ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта» дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий