Афзоиши ихроҷи хориҷиҳо аз Русия

Афзоиши ихроҷи хориҷиҳо аз Русия
Сар аз соли ҷорӣ мизони ихроҷи хориҷиҳо аз Русия ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷӣ, ки қонунҳои Федератсияи Русияро нақз кардаанд, аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.Ин назар ба ҳамин давраи соли 2023 қариб ду баробар зиёд аст.Тибқи гузориши таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Русия, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ФР 38 ҳазор қарор қабул шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 28,5% зиёд аст.
Ҳамчунин дар ин давра, 669 нафари дигар аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, гузориш медиҳад, ин ниҳод.
Илова бар ин, ба гуфтаи ин ниҳод, шумори ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,5 маротиба (ба 676) афзоиш ёфтааст.Илова бар ин, пулис вуруди ҳудуди 79 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба Федератсияи Русия манъ кардааст, ки нисбат ба чаҳор моҳи соли 2023 қариб 24 ҳазор нафар бештар аст.Ҳамчунин, шумори иҷозатномаҳои муваққатии иқомат-РВП 40% ва шумораи иҷозатномаҳои иқомат — ВНЖ 20% кам шудааст.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий