Тоҷикистон қасд дорад аз Тотористон дору бихарад
Тоҷикистон ва Тотористон ҳамкориҳоро дар соҳаи дорусозӣ ба нақша гирифтаанд.Намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе хабар дод, ки барои баррасии дурнамо як ҳайати Тотористон ба Тоҷикистон сафар кард.Дар чаҳорчӯби сафари ҷониби Русия гуфтушуниди муовини вазири саноат ва савдои Тотористон Дмитрий Гусков ва намояндагону соҳибкорон дар вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон сурат гирифт.Дар пайи мулоқот Ассотсиатсияи дорусозон ва ширкатҳои фармасевтӣ ва дистрибюторҳо оид ба ҳамкорӣ дар таъмини маҳсулоти дорусозӣ ба бозори Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд."Ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак бешубҳа ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони нав хоҳад бахшид«, — гуфт, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.Вай гуфт, ҳамкориҳои минтақаи Русия ва Тоҷикистон пайваста рушд карда, гардиши мол афзоиш меёбад.Дар ҷараёни ин сафар ҳайат аз вилояти Хатлон низ дидан карда, бо истеҳсолоти фармасевтии маҳаллӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ ошно шуданд.
Коренков рӯзи 16 май дар ҳамоиши „Русия — Ҷаҳони Ислом: KazanForum 2024“ дар Қазон хабар дод, ки ширкати „Татхимфармрепарати“ имкони ташкили истеҳсолот дар Тоҷикистонро меомӯзад.
САРЧАШМА:sputnik
Коренков рӯзи 16 май дар ҳамоиши „Русия — Ҷаҳони Ислом: KazanForum 2024“ дар Қазон хабар дод, ки ширкати „Татхимфармрепарати“ имкони ташкили истеҳсолот дар Тоҷикистонро меомӯзад.
САРЧАШМА:sputnik
Комментарии (0)