Соҳибкорони тоҷик ба ҳимояи марз иқдом кардаанд: Чӣ гуна?

Соҳибкорони тоҷик ба ҳимояи марз иқдом кардаанд: Чӣ гуна?
Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир 120 дидбонгоҳи нав бунёд ва даҳҳои дигар навсозӣ шуданд.Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо марзбонҳо гуфт, танҳо соли 2023-юм 75 иншооти сарҳадӣ бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат бунёд ва ба истифода дода шуд.Умуман, дар зарфи сӣ сол барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 505 иншоот бунёд карда шуд, ки ҳамаи онҳо бо шароити зарурӣ таъмин мебошанд, афзуд Эмомалӣ Раҳмон."Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки дар ин кор саҳми соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ низ бисёр арзишманд аст ва бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин барномаи миллӣ саҳм гузоштанд, миннатдорӣ баён мекунам«, — гуфт ӯ.
Раисҷумҳур афзуд, ки соҳибкорон акнун аз сатҳи кумаку хайрияҳои маҳдуд баромада, дар ҳимояи марзу буми Ватан низ саҳм мегузоранд.
Роҳбари давлат дар мавриди дастовардҳои нерӯҳои марзбонӣ гуфт, тайи сӣ сол хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз қочоқчиён ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар хатти сарҳад зиёда аз 27 тонна маводи мухаддир, 1316 мил силоҳ ва 318 ҳазор адад муҳиммоти ҷангии гуногунро мусодира кардаанд.Маврид ба зикр аст, ки соли равон Тоҷикистон 30-юмин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбониро таҷлил мекунад.

САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий