Сиёсатшинос: Раисӣ дар таназзули гегемонияи Ғарб нақши калидӣ дошт

Сиёсатшинос: Раисӣ дар таназзули гегемонияи Ғарб нақши калидӣ дошт
Иброхим Раисй «дар таназзули гегемонияи Гарб роли халкунанда» бозид. Дар ин бора сиёсатшиноси амрикоӣ Макс Парри дар мусоҳиба бо Press TV иқрор шуд.Раисиҷумҳури фавтидаи Эрон бо афзоиши равобит бо Русия ва БРИКС тавонист иқтисоди ин кишварро дар мувозинат бо таҳримҳои ғарбӣ тақвият диҳад.Маврид ба зикр аст, ки Раисӣ ҳамчунин нахустин сафари хориҷиашро ба ҳайси раисҷумҳур ба Тоҷикистон анҷом дода буду дар аҳди ӯ равобити Маскаву Душанбе таҳким ёфтанд.Барои иштирок дар маросими дафни Раисӣ, шахсан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин кишвар рафт.
Иброҳим Раисӣ 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар музофоти Озарбойҷони шарқӣ ҷон дод.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён — вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ — ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим — имоми вилояти Табрез қарор доштаанд.Эрон аввалин кишвари хориҷист, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохта, равобити дипломатӣ барқарор кардааст. Дар ин миён равобити кишвар фарозу нишебҳои зиёдеро пушти сар гузоштааст, аммо ҳамоно Эрон ҳамеша талош доштааст, то домани Тоҷикистонро раҳо накунад.


САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий