Ипотека барои муҳоҷиру лағви лимити барқ: KazanForum ба Тоҷикистон чӣ дод?
Дар шаҳри Қазон форуми байналмилалии иқтисодии «Русия — ҷаҳони Ислом» баргузор шуд. Форум воқеан ҷаҳонӣ гардид, намояндагони 87 кишвари ҷаҳон дар пойтахти Тотористон ҷамъ омада, теъдоди ширкаткунандагон аз 20 ҳазор нафар гузашт.Барномаи кории KazanForum 12 самти мавзӯиро муттаҳид кард: ҳамкориҳои байналмилалӣ, иқтисод, сайёҳӣ, тиҷорат, илм ва технология, молия ва сармоягузории исломӣ, варзиш, саноати ҳалол ва ғайра.Ва ҳарчанд ин ҳамоиш ҳамчун исломӣ муаррифӣ шуда бошад ҳам, барои Тоҷикистон, — як иштирокчии муҳими чорабинӣ,он на бо бахши рӯҳонӣ, балки бо бахши дунявӣ ва иқтисодии худ муҳим гардид.Гап сари он аст, ки дар чаҳорчӯби KazanForum иҷлосияи «Муколамаи саноатии «Русия-Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби намояндагони тиҷорати бузурги Русия ва Тоҷикистон чанд пешниҳоди муҳими барномавӣ садо доданд ва чанд лоиҳаи бузурге эълон гардиданд, ки ҳам барои Маскав ва ҳам барои Душанбе муҳиманд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ин ҳамоиш дидан карда, бо муҳимтарин изҳороти тоҷирон ва мансабдорон барои Тоҷикистон, ки метавонад мустақиман ба зиндагии даҳҳо ҳазор тоҷикистонӣ таъсир расонад, ошно шуд.
Назаралиев қайд кард, ки корхонаҳо сарпарастиибаъзе муассисаҳои касбии техникии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифта, метавонанд, ки ба тайёр кардани коргарони оянда ва ба афзиши нишондиҳандаҳои истеҳсолии худи корхонаҳо таъсири мусбат расонад.Яке аз чунин соҳаҳои иқтисодиёти Русия, ки аз як тараф, дар ҳоли рушд қарор дорад ва пайваста ба мутахассисону коргарони нави дорои тахассуси баланд ниёз дорад, соҳаи нақлиёт аст. Ва дар ин самт дар байни кишварҳо пешравиҳои аввалин аён гардиданд.Чунончӣ, миёни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Тотористон дар ҳошияи ҳамоиш оид ба рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои ҷонибҳо барои таъсиси корхонаҳо дар соҳаи наклиёт ёддошти тафоҳум ба имзо расид.Агар дар бораи тафсилот сухан ронем, тибқи изҳороти вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва ҳамтои тотористонии ӯ Фарит Ҳанифов, идораҳо ба мувофиқа расиданд, ки шароити хуби будубоши коргарон, шароити мусоиди корӣ ва иҷтимоӣ барои ронандагон, муҳандисону назоратчиёнро кафолат медиҳанд.
Интизор меравад, иҷрои тафоҳумномаи имзошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тотористон садҳо ҷойи корӣ бо маоши хуб ва дастрасӣ ба амнияти иҷтимоӣ фароҳам меорад ва ба беҳтарсозии хадамоти мусофирбарӣ барои сокинони чанд шаҳри ҷанубу шарқи Тотористон мусоидат мекунад.Агар аз шароити мусоид сухан гӯем, на танҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки соҳибкорони хусусӣ низ омодаанд, ки коргарони Тоҷикистонро пазироӣ кунанд. Зимни ҷаласа муовини раиси Шӯрои Бонки «Мир привелегий» Евгений Маркин лоиҳаи махсуси ипотекаи бонкиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон эълон кард."Мо хизматрасониҳоро барои интиқоли P2P ва пардохтҳо барои патентҳо, инчунин суратҳисобҳои амонатӣ бо меъёри баланд барои муҳоҷирон пешниҳод мекунем. Ва лоиҳаи инноватсионие, ки мо роҳандозӣ мекунем, додани қарзи ипотекӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст», — шарҳ дод Маркин.Бонки «Мир привилегий» аллакай чунин лоиҳаро барои қарзгирони дорои шаҳрвандии Ӯзбекистон роҳандозӣ карда буд ва ҳоло барои густариши он барои шаҳрвандони ҷумҳурии ҳамсоя низ омодагӣ мегирад.Бояд қайд кард, ки ҳоло дар Русия расман ягон маҳдудият барои қарзҳои ипотекӣбарои хориҷиён вуҷуд надорад. Дар аслба аксари онҳо тасдиқи ипотека душвор аст ва он ҳам бо фоизи баланд дода мешавад. Истисно танҳо шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё мебошанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ин ҳамоиш дидан карда, бо муҳимтарин изҳороти тоҷирон ва мансабдорон барои Тоҷикистон, ки метавонад мустақиман ба зиндагии даҳҳо ҳазор тоҷикистонӣ таъсир расонад, ошно шуд.
Омодагӣ барои муҳоҷир
Яке аз масъалаҳои муҳими нишасти Русияву Тоҷикистон, албатта, муҳоҷирати корӣ буд, мавзӯъе, ки барои ҳарду ҷониб ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ яксон мубрам ва муҳим аст.Ҳамин тариқ, раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев аз ширкатҳои русӣ даъват кард, ки бевосита бо муассисаҳои таълимии касбии Тоҷикистон дар омода кардани коргарон ҳамкорӣ кунанд.Назаралиев қайд кард, ки корхонаҳо сарпарастиибаъзе муассисаҳои касбии техникии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифта, метавонанд, ки ба тайёр кардани коргарони оянда ва ба афзиши нишондиҳандаҳои истеҳсолии худи корхонаҳо таъсири мусбат расонад.Яке аз чунин соҳаҳои иқтисодиёти Русия, ки аз як тараф, дар ҳоли рушд қарор дорад ва пайваста ба мутахассисону коргарони нави дорои тахассуси баланд ниёз дорад, соҳаи нақлиёт аст. Ва дар ин самт дар байни кишварҳо пешравиҳои аввалин аён гардиданд.Чунончӣ, миёни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Тотористон дар ҳошияи ҳамоиш оид ба рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд ва мусоидат ба ҷалби коргарони соҳибихтисос ва субъектҳои ҷонибҳо барои таъсиси корхонаҳо дар соҳаи наклиёт ёддошти тафоҳум ба имзо расид.Агар дар бораи тафсилот сухан ронем, тибқи изҳороти вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва ҳамтои тотористонии ӯ Фарит Ҳанифов, идораҳо ба мувофиқа расиданд, ки шароити хуби будубоши коргарон, шароити мусоиди корӣ ва иҷтимоӣ барои ронандагон, муҳандисону назоратчиёнро кафолат медиҳанд.
Интизор меравад, иҷрои тафоҳумномаи имзошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тотористон садҳо ҷойи корӣ бо маоши хуб ва дастрасӣ ба амнияти иҷтимоӣ фароҳам меорад ва ба беҳтарсозии хадамоти мусофирбарӣ барои сокинони чанд шаҳри ҷанубу шарқи Тотористон мусоидат мекунад.Агар аз шароити мусоид сухан гӯем, на танҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки соҳибкорони хусусӣ низ омодаанд, ки коргарони Тоҷикистонро пазироӣ кунанд. Зимни ҷаласа муовини раиси Шӯрои Бонки «Мир привелегий» Евгений Маркин лоиҳаи махсуси ипотекаи бонкиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон эълон кард."Мо хизматрасониҳоро барои интиқоли P2P ва пардохтҳо барои патентҳо, инчунин суратҳисобҳои амонатӣ бо меъёри баланд барои муҳоҷирон пешниҳод мекунем. Ва лоиҳаи инноватсионие, ки мо роҳандозӣ мекунем, додани қарзи ипотекӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аст», — шарҳ дод Маркин.Бонки «Мир привилегий» аллакай чунин лоиҳаро барои қарзгирони дорои шаҳрвандии Ӯзбекистон роҳандозӣ карда буд ва ҳоло барои густариши он барои шаҳрвандони ҷумҳурии ҳамсоя низ омодагӣ мегирад.Бояд қайд кард, ки ҳоло дар Русия расман ягон маҳдудият барои қарзҳои ипотекӣбарои хориҷиён вуҷуд надорад. Дар аслба аксари онҳо тасдиқи ипотека душвор аст ва он ҳам бо фоизи баланд дода мешавад. Истисно танҳо шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё мебошанд.
Технопарки Русия дар маркази Душанбе
Дар навбати худ, бисёре аз соҳибкорони рус ҳақ будани пешниҳодҳои Назаралиевро оид ба омодасозии пеш аз сафаримуҳоҷирон дар ватанашон эътироф намуда, қайд карданд, ки норасоии қувваи корӣ, ки дар Федератсияи Русия дар баъзе соҳаҳои саноат ба вуҷуд омадааст, бо муҳоҷирони меҳнатӣ пур кардан ғайриимкон аст.Ва дар баъзе мавридҳо барои наздиктар кардани истеҳсолот ба бозорҳои меҳнат ҳам барои тиҷорат ва ҳам барои кормандони эҳтимолӣ хеле қулайтар аст. Яъне ба Тоҷикистон."Агар муҳоҷирон дар қаламрави ватанашон кор мекарданд, самаранокии меҳнаташон хеле баланд мешуд», — қайд кард директори генералии Химград Айрат Гиззатуллин.Ин изҳорот зимни муаррифии лоиҳаи таъсиси паркҳои саноатии Русияву Тоҷикистон, танҳо дар мисоли Химград ва як қатор лоиҳаҳои муваффақ, ки ба як бизнес-инкубатори воқеӣ дар Русия барои ширкатҳои хурди амалӣ табдил ёфтаанд, садо дод.Воқеан, маҳз таъсиси чунин кластерҳо бо дастгирии пурра аз ҷониби мақомоти минтақавӣ, аз бисёр ҷиҳатҳо ба Русия имкон дод, ки аз аввали соли 2022 ба фишори таҳримҳои Ғарб муқобилат кунад.Ҷонибҳо идеяи бунёди чунин паркро дар Душанбе аз соли гузашта баррасӣ мекунанд. Он замон Денис Мантуров, муовини нахуствазири Федератсияи Русия борҳо таъкид карда буд, ки таъсиси як парки технологии саноатӣ имкон медиҳад, ки бозигарони иқтисодии ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳдоштаро дар бозори он мутамарказ кунад.Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар навбати худ таъкид кард, ки ҳамкориҳои саноатӣ бо корхонаҳои Русия барои ҷумҳурӣ афзалиятнок мебошад.Технополиси Химград, парки муосири саноатии Русия, ки соли 2006 дар Қазон таъсис ёфтааст, ҳамчун намуна гирифта шудааст. Он 131 гектарро ишғол мекунад, ки дар ҳудуди он корхонаҳои хурду миёна фаъолият доранд.Ва ниҳоят, музокироти Маскав ва Душанбе ба марҳилаи ниҳоӣ расид, РТДС, Химград, Корпоратсияи рушди Урали Миёна ва Ассотсиатсияи паркҳои саноатии Русия дар бораи таъсиси майдонҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон, роҳандозии робитаи муассир байни намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар, инчунин тавсеаи ҳузури тиҷорати Русия дар Тоҷикистонсозишнома ба имзо расонданд.Ҷойгиршавии парки технологӣ майдони ҳоло истифоданашудаи собиқ заводи мошинсозӣ хоҳад буд, ки дар маркази пойтахт воқеъ аст. Директори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия Роман Чекушов тавзеҳ дод, ки чунин қарор ҳам барои соҳибкорони рус ва ҳам тоҷик бартариҳои бузурги истеҳсолӣ медиҳад."Ин як макони қулай бо дастрасии пурраи нақлиёт ва имкони баргузории чорабиниҳои тиҷоратӣ дар маркази фаъолияти соҳибкории Тоҷикистон аст. Ва ин як имкони даъват кардани сармоягузорон ва мизоҷон ба истеҳсолоти худ бо дастрасии қулайи ҳавоӣ бо тамоми ҷаҳон аст. Ман ва ҳамкоронам ният дорем, ки барои азнавсозӣ, модернизатсия ва таъмири биноҳо сармоягузорӣ кунем, воқеан майдонҳои истеҳсолиро омода созем, то ширкатҳо ворид шаванд, таҷҳизот ворид кунанд ва дарҳол ба кор шурӯъ кунанд», — шарҳ дод Чекушов.Гузашта аз ин, ӯ таъкид кард, ки тамоми хароҷоти таъмиру навсозии биноҳоро ҷониби Русия ба ӯҳда гирифта, аслан парки технологиро барои сармоягузорон ва корхонаҳои шарики Русияву Тоҷикистон омода мекунад.Неругоҳҳои бодӣ лимити барқро «барбод» медиҳанд
На танҳо мавзӯи муҳоҷирати корӣ ва ҳамкориҳои саноатӣ дар ҳамоиши «ҚазанФорум-2024"-и Русияву Тоҷикистон баррасӣ шуданд.Бо таваҷҷуҳ ба қатъи ахири интиқоли барқ дар саросари кишвар ва маҳдудияти нерӯи барқ, ки бар асари кам будани сатҳи обанбор ва садамаҳо дар нерӯгоҳи барқи обии Норак ба вуҷуд омада буд, ҷолибтарин баҳс барои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди энержӣ буд.Аниқтараш, дар бораи самаранок истифода бурдани тамоми манобеъи имконпазири барқароршавандаи Тоҷикистон ва дар ниҳояти кор рафъи мушкили маҳдудияти нерӯи барқ ва афзоиши содироти нерӯи барқ.Пешниҳоди ҷолибтаринро як ширкати фаръии корпоратсияи Росатом, ширкати технологии «НоваВинд» пешниҳод кард. Намояндаи ширкат Дмитрий Родионов қайд кард, ки дар шароити зуд-зуд қатъ шудани нерӯи барқ бо сабаби сатҳи пасти об дар ҷумҳурӣ, як манбаи алтернативӣ — нерӯи шамол истифоданашуда боқӣ мемонад."Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиард киловаттро ташкил медиҳад, зеро қисми асосии он аз ҳисоби захираҳои обӣистеҳсол мешавад, ки ҳаҷми он дар фасли тирамоҳу зимистон кам мешавад. Дар ҳамин ҳол, иқтидори шамоли Тоҷикистон аз 30 то 100 млрд киловатт соатро ташкил медиҳад ва имрӯз дар кишвар танҳо як истгоҳи хурд насб шудааст. Яъне, дурнамои ин самтхеле бузург аст», — шарҳ дод Родионов.Ба гуфтаи ӯ, нерӯгоҳҳои бодӣ ба низоми мавҷудаи энергетикии қисмати водии кишвар комилан мувофиқат мекунанд ва ин як қатор сабабҳо дорад.Аввалан, авҷи истеҳсоли неругоҳҳои бодӣ барфаслҳои тирамоҳу зимистон, маҳз ба вақте, ки истеҳсолот дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ кам мешавад, рост меояд. Яъне дар бештарин давраҳои буҳронӣ мардум ба хатари қатъи барқи ногаҳонӣ дучор нахоҳанд шуд. Ва дувум, арзиш ва мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ ҳатто дар муқоиса бо нерӯгоҳҳои хурди барқи обии арзон дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон хеле арзонтар аст.Намояндагони «НоваВинд"қайд карданд, ки ҷониби Русия ба бунёди як нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори то 1 гигаватт манфиатдор аст, аммо чунин лоиҳа хеле бузург аст ва мӯҳлати тарҳрезии он тақрибан 10 сол аст. Ҳоло бахшҳои марбутаи Русия ва Тоҷикистон имкони иҷрои ин тарҳро баррасӣ доранд.САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)