Лаврову Муҳриддин муносиботи Маскаву Душанберо баҳо доданд
Тоҷикистон аз динамикаи равобит бо Русия, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ кард.Ба ин нукта вазири корҳоши хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Лавров таъкид намуда, аз равнақи равобити иқтисодии ду кишвар истиқбол намуд.Мулоқоти Муҳриддину Лавров дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона баргузор шуд."Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия бад нест. Соли гузашта он афзоиши устуворро нишон дод ва тақрибан 2 миллиард долларро ташкил дод«, — гуфт Муҳриддин.Вай аз тахкими ҳамкориҳои гуманитарӣ низ зикр намуда, афзуд, ки чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ низ татбиқ мегарданд.Сергей Лавров дар оғози мулоқот гуфт, ки ҷониби Русия ба ташкили сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар рӯзҳои 8-9 май баҳои баланд дод.Вай ҳамчунин ба Муҳриддин барои табрикоти гармаш ба муносибати дубора ба мақом таъйин шуданаш изҳори сипос кард."Ин ба мо ва умуман раҳбарони мо дар рушди муносибатҳо пайвастагӣ фароҳам меорад, албатта, баъзе масъалаҳое ба миён меоянд, ки бояд ҳал шаванд — мо имрӯз дар ин бора бо шумо сӯҳбат хоҳем кард, аммо ман боварӣ дорам, ки масири асосӣ тағйир нахоҳад ёфт«, — таъкид кард Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар навбати худ Лавровро бори дигар ба муносибати таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳои нав таманно намуд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар навбати худ Лавровро бори дигар ба муносибати таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳои нав таманно намуд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)