Назарҳо аз Тоҷикистон ба пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина
Маҳофили сиёсӣ ва коршиносӣ дар Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ дар Украина вокуниш нишон доданд. Коршиносон ва сиёсатмадорони тоҷик дар маҷмӯъ аз натиҷаҳои ин интихобот истиқбол намуда, онро як интихоботи демократӣ ва айни замон як нав эътироз ба яккаҳокимиятӣ тавсиф намуданд.
Дар даври дувуми интихоботи президентии Украина, ки рӯзи 21-уми апрел баргузор шуд, Владимир Зеленский бо 73,2 дарсад ё 11,2 миллион раъйи интихобкунандагон ба пирӯзӣ расид. Рақиби ӯ раиси ҷумҳури феълӣ Петро Порошенко бо ба даст овардани 24,5 дарсад овози интихобкунандагон сабқатро бохт.
Экзит-пол: ҳунарпеша Зеленский президенти нави Украина интихоб шуд
Ба бовари Иршод Сулаймонӣ, коршиноси тоҷик, "пирӯзии Зеленский нишон медиҳад, ки мардум дар кишварҳои пасошӯравӣ аз раҳбарони худкома ва фасодпешаву камкор хаста шуданд" ва ҳар нафаре, ки меояду аз мавқеи мардум суҳбат мекунад, дар интихобот аз ӯ пуштибонӣ мешавад. Далели бо раъйи ниҳоят зиёд пирӯз шудани Зеленский, ба назари Иршод Сулаймонӣ, баёнгари ҳамин аст.
"Дар интихоботҳое, ки ба даври дувум кашида мешавад, умдатан бо тафовути андак анҷом меёбад. Дар Украина бо вуҷуди он ки президенти феълӣ Порошенко тайи чанд сол дар сари қудрат буд ва метавонист ба тақаллуб роҳ диҳад, мардум бо назардошти безорӣ аз вазъи якранги давомдор дар кишвар, ба танг омада буданд, овози худро соҳиб шуданд. Ин баёнгари безорӣ аз низоми яккатафаккуре аст, ки аз даврони шӯравӣ боқӣ монда аст", - афзуд ин коршиноси тоҷик.
Сайфулло Сафаров, таҳлилгари Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, натиҷаи интихоботи Украинаро "ҳолати эътирозии мардуми ин кишвар" донист. Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, мардум бо ақлу ҳуши худаш дарк кард, ки ҳукумати Порошенко тайи чанд сол натавонист барои мардум коре бикунад ва ҳатто тими ӯ натавонист ваъдаҳои худро иҷро кунад ва аз ин рӯ, аз ҷониби мардум пуштибонӣ наёфт.
"Бигузор агар ин интихоб бадтар ҳам бошад, вале аз командаи Порошенко беҳтар хоҳад буд. Ва мардум ба як фарди камтаҷриба овоз дод ва интизор дорад чеҳраҳои нав сари кор оянд ва барои мардум хидмат кунанд", - афзуд Сайфулло Сафаров.
Ба бовари Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумони Тоҷикистон, дар Украина ҳукумат пурра дар дасти президент Порошенко буд ва ӯ ҳама талошҳояшро барои пирӯзӣ кард, аммо аз чаҳорчӯбаи демократия берун нарафт ва бинобар ҳамин, пирӯз нашуд.
"Давлати Украина як давлати кӯчак нест ва Зеленский бо вуҷуди бетаҷрибагӣ, тавонист ҳарферо бизанад, ки мардум интизор буданд. Ман интизор набудам, ки Порошенко қудратро ба осонӣ аз даст бидиҳад, шояд дар ин мубориза таъсири беруна низ ҷой дошт", - афзуд ин сиёсатмадори тоҷик.
Саидҷаъфар Усмонзода дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ дар хусуси ин ки чунин интихоботро дар Тоҷикистон мешавад интизор шуд, гуфт, "чаро не? Дар Тоҷикистон дар интихобот ба ҳизбҳо шароит дода шуд, вале ҳизбҳо натавонистанд дуруст истифода кунанд".
Аммо Рустам Гулов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва блогнависи тоҷик мегӯяд, ба сурати умумӣ бовар надорад, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ интихобот мисли Украина демократӣ баргузор шавад ва як журналист ё ровӣ номзадиашро гузораду ба пирӯзӣ расад.
"Шояд дар интихоботи ояндаи Тоҷикистон ба мунсифона сурат гирифтани он роҳ дода шавад, вале комилан умедвор нестам. Нозирони ИДМ-ро меоранду мегӯянд, интихобот шаффоф ва демократӣ сурат гирифт. Умеди ман барои як интихоботи шаффофу мунсифона зиёд нест", - афзуд Рустам Гулов.
Владимир Зеленский, ки асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибот мебурд ва аз мубоҳисаҳои сиёсӣ парҳез мекард, ба сабаби иқтисоди заиф, фасоди густурда ва ҷанги 5-сола дар шарқи Украина ҳаводорони зиёде ба даст овард.
Владимир Зеленский рӯзи 19-уми апрел дар мубоҳисаи сиёсӣ бо Петро Порошенко гуфт, ки "сиёсатмадор нест ва фақат як фарди оддӣ аст", ки мехоҳад, низоми феълиро бишканад.

Комментарии (0)