Беш аз як миллион сомонӣ: Ҳаҷми хисороти расида аз селҳо дар ду рӯзи моҳи май дар Суғд

Беш аз як миллион сомонӣ: Ҳаҷми хисороти расида аз селҳо дар ду рӯзи моҳи май дар Суғд
Бар асари омадани селу лойоба ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд аз ҳама бештар зарар дидаанд, ки ба 1, 2 миллион сомонӣ расидааст, шарҳ дод мақомоти КҲФ дар вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Диловар Ҳамдамов, масъули матбуотии КҲФ дар вилояти Суғд гуфт, ин ҳанӯз маълумоти пешакӣ аст ва эҳтимол он тағйир ёбад."Зимни таҳқиқ ситод оид ба бартарафкунии паёмади офати табиӣ маълум кардаанд, ки аз ҳисоби омадани сел соҳаҳои хоҷагии қишлоқ дар ноҳияи Шаҳристон ба маблағи 556 ҳазору 250 сомонӣ ва ноҳияи Деваштич ба маблағи 456 ҳазору 450 сомонӣ хисорот дидаанд« — гуфт, Ҳамдамов.Бино ба иттилоъи манбаъ, сели харобиовари рӯзҳои 5 ба 6 уми майи соли ҷорӣ, беш аз 25 манзили сокинон дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Шаҳристон ва заминҳои кишти зироат дар ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштичро вайрону валангор намудааст.
Қаблан мақомот аз рухдоди чунин офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Суғд хабар дода, гуфта буданд, ки сели харобиовар бо он, ки роҳу пулҳои мошингузхарро тахриб карду боиси ба ҳалокат расидани як сокини 30 — солаи ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан шудааст, ки он рӯз ба чаронидани чорво машғул буд.
Мақомоти КҲФ аз сокинон даъват мекунанд, ки дар вақти боридани боронҳои пуршиддат аз рафтан ба кӯҳу теппаҳо ва чаронидани чорво худдорӣ варзанд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий