Иштироки даҳҳо ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва велосипедронӣ - акс

Иштироки даҳҳо ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва велосипедронӣ - акс
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар пойтахт он даҳҳо ҳазор нафарро гирди ҳам овард.Ба иттилои расмӣ, дар Дави миллӣ зиёда аз 55 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1600 нафар иштирок доштанд.Дави миллӣ авассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» баргузор гардид.Дар ифтитоҳи чорабинӣ мақомдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон иштирок намуда, аҳамияти ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастиро таъкид намуданд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз соли соли 2007 ба ин сӯ якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо фармони раисҷумҳур дави миллӣ гузаронда мешавад.
Ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ мегардад.Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстиву рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон буда, бунёди иншооти гуногуни варзишӣ, мувафаққиятҳои варзишгарони мамлакат шаҳодати пешрафти соҳа дар Тоҷикистон мебошад, таъкид медоранд масъулин.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий