Баъди баҳси ду кишвар, Имрон Хон ба Эрон рафт

Баъди баҳси ду кишвар, Имрон Хон ба Эрон рафт
Имрон Хон, cарвазири Покистон, рӯзи 21-уми апрел бо сафари расмӣ ба Эрон рафт. Бино ба гузориши хабаргузории давлатии ИРНА, ӯро дар Теҳрон раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ пешвоз гирифт.

Қарор аст, Имрон Хон бо Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва мақомоти дигари он кишвар дидор кунад.

Ин сафари нахустини расмии Хон ба Эрон аст. Расонаҳои давлатии Эрон гуфтанд, ӯ бо мақомоти Ҷумҳурии исломӣ тақвияти ҳамкориҳо, “мубориза бо терроризм ва ҳифзи марз”-ро баррасӣ мекунад.

Ду кишвар дар моҳҳои охир якдигарро муттаҳам кардаанд, ки ба андозаи кофӣ барои аз байн бурдани ҷангҷӯён талоши кофӣ накардаанд.

Сафари дурӯзаи Имрон Хон ба Эрон аз шаҳри Машҳад оғоз ёфт. Нахуствазири Покистон дар онҷо аз мақбараи Имом Ризо зиёрат кардааст, ки аз эҳтироми хоси пайравони мазҳаби шиа бархурдор аст.

Сафари Имрон Хон ба Эрон як рӯз баъди он сурат гирифт, ки Покистон аз Эрон хост, алайҳи гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунад. Исломбод мегӯяд, ин гуруҳҳо дар оғози моҳи ҷорӣ 14 сарбози покистониро куштанд.

Дар оғози имсол Эрон шӯришиёни покистониро дар ҳамлаи маргбор ба нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоб айбдор кард ва аз Покистон хост, зидди онҳо иқдом кунад. Дар ҳамлаи моҳи феврали имсол 27 нерӯи Сипоҳи посдорон кушта шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий