Ҳусейн Саломӣ фармондеҳи нави Сипоҳи посдорони инқилоб шуд
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, Муҳаммад Алии Ҷаъфариро аз фармондеҳии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ барканор кард.
Ба ҷойи ӯ Ҳусейн Саломӣ таъйин шудааст. Саломӣ қаблан ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорон буд. Ӯ аз ҷумлаи фармондеҳони бисёр тундрави ин нерӯ аст ва борҳо Исроилро ба нобудӣ таҳдид кардааст.
Тағйирот дар фармондеҳии Сипоҳи посдорон дар ҳоле сурат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин созмонро рӯзи 8-уми апрел ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кард.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо ҳудуди 125 ҳазор узви мусалллаҳ дар саҳнаи сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии исломӣ нуфузи густурда дорад.
Нерӯҳои Қудс, як шохаи Сипоҳи посдорон, ба он муттаҳам мешавад, ки амалиёти хориҷиро дар Ховари Миёна раҳбарӣ мекунад ва дастрас кардани силоҳ барои шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар Сурия, Ироқ, Лубнон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳонро танзим менамояд.

Комментарии (0)