Дар Тотористон анҷумани "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" ифтитоҳ ёфт

Дар Тотористон анҷумани "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" ифтитоҳ ёфт
Дар Қазон Форуми байналмилалии иқтисодии «Русия — ҷаҳони ислом: KazanForum» оғоз шуд.Созмондиҳандагон онро платформаи асосии ҳамкории иқтисодии Федератсияи Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом медонанд.Ин далелро макони баргузории чорабинӣ ва иштирокдорони намояндагӣ аз 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ тасдиқ мекунанд.Барнома 125 ҷаласаро дар бар мегирад, ки дар он мутахассисони Русия, кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд."Онҳо масъалаҳои сайёҳӣ, тиҷорат, илм, молия ва сармоягузории исломӣ ва бисёр мавзӯъҳои дигарро баррасӣ мекунанд«, — гузориш дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Илова бар ин, дар чорчӯби KazanForum донишгоҳҳои тиббии Қазон ва Душанбе созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳудуди 11 ҳазор нафар ба Қазон омадаанд, ки онҳо ҳудуди 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.Гуфта мешавад, ки дар форум аз ҳама беш аз давлатҳои Миср, Индонезия, Қазоқистон, Либия, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Сенегал, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.Тоҷикистон дар ҷашнвораи синамои мусалмонӣ дар Қазон ширкат мекунадДар доираи форум конфронси гурӯҳи дурнамои стратегии „Русия — ҷаҳони ислом“, бахшида ба тартиботи одилонаи бисёрқутбӣ ва рушди бехатар, ҷаласаи шӯрои коршиносон оид ба гузаронидани таҷриба оид ба маблағгузории шарикон ва ғайраҳо дар назар аст.
Дар барнома ҳамчунин Анҷумани соҳибкорони ҷавони кишварҳои СҲИ дар Қазон, Форуми дипломатҳои ҷавони кишварҳои СҲИ, муаррифии стартапҳо, мусобиқаи ошпазҳои ҷавон ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд.Ёдовар мешавем, ки нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) соли 2009 баргузор шуда буд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий