Раҳмон бо прокурорҳо аз мубориза бо нашъа, терроризм ва силоҳу киберҷиноятҳо гуфт

Раҳмон бо прокурорҳо аз мубориза бо нашъа, терроризм ва силоҳу киберҷиноятҳо гуфт
Сулҳу субот дар минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслӣ, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум аст.Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баён дошт.Раҳмон нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа таъкид намуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуд.
Вай мақомоти кишварҳои узви созмонро ба мубориза бо ин таҳдидҳо даъват намуд."Дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад«, — гуфт раисҷумҳур.Вай изҳори умед кард, ки рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо қарорҳои муҳим қабул хоҳанд гардид.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий