Талоқу издивоҷ дар Суғд кам шудаст

Талоқу издивоҷ дар Суғд кам шудаст
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар умум 5476 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд.Теъдоди азҳампошии оилаҳо низ тайи моҳҳои январ — марти соли равон низ коҳиш ёфта, ба 886 ҳолат баробар шудааст, иттилоъ дод сардори шубаи демографии Саррраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд, Волидахон Тоибзода ба Sputnik Тоҷикистон.Бар пояи иттилоъи манбаъ, ҳарчанд шумори бекоркунии ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 175 адад кам шуда бошад ҳам, агар дар таносуб бо теъдоди бастани ақди никоҳ таҳил шавад, афзоиш ба мушоҳида мерасад."Омори бастани ақди никоҳ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 614 адад кам аст. Ин омор дар як соли пеш 6081 адад сабт шудааст«, — гуфт манбаъ.
Ҷомеашиносон сабабҳои аслии афзоиши пошхурии оилаҳоро аз коҳиши таҳаммулпазирии оилаҳои ҷавон ва мушкили шароити иқтисоди хонаводагӣ ва ноустувории институтҳои оилавӣ шарҳ медиҳанд.Рӯзи 15 уми май рӯзи ҷаҳонии оила дар арсаи ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон умдатан ин санаро бо баргузор намудани чорабиниҳои ба мисли оилаи намунавӣ ва ойинҳои оиладорӣ таҷлил мекунанд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий