Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид

Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид
Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид.Дар ин бора муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин дар ифтитоҳи Конфронси IV дар Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳор дошт."Русия шарики боэътимод ва калидии тиҷоративу иқтисодии минтақа аст, ки инро афзоиши пайвастаи гардиши мол тасдиқ мекунад«, — таъкид кард ӯ.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, ҳаҷми умумии гардиши мол дар соли 2023 аз 44 млрд $ гузашт."Ин асосан тавассути гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ ба даст меояд«, — шарҳ дод дипломат.
Галузин қайд кард, ки то имрӯз ҳаҷми ҳисобаробаркуниҳои мутақобила бо Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ба 80% расид.
Дар ҳоле, ки бо Ӯзбекистон ин рақам ба 55% ва бо Туркманистон 24% ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Галузин таъкид намуд, ки сармояи Русия беш аз 600 ҳазор нафарро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кор таъмин мекунад."Набудани монеаҳои раводид, мавҷудияти чаҳорчӯби махсуси меъёрии ҳуқуқӣ ва густариши забони русӣ дар минтақа бозори кори Русияро тақрибан бидуни алтернатива месозад«, — изҳор дошт муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Русия.Дипломат гуфт, ки Русия ҳадаф дорад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳамкориҳои пайваста дар арсаи тиҷорату иқтисод ҳамкорӣ кунад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий