Давандаҳои тоҷик аз чемпионати Осиё дар Тошканд бо тило, нуқра ва биринҷӣ бармегарданд
Дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардҳои Осиёи Марказӣ, давандаи тоҷик, Фаворис Музрапов сазовори медали тило ва дар масофаи 200 метр сазовори медали нуқра гардид.Ба иттилои телевизиони «Варзиш», чунин дастовардро варзишкори тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки аз санаи 11 то 12 майи соли 2024, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир гардид, нишон дод.Дар давидан 4×100 метр микс байни мардҳо Илдар Аҳмадиев, Бобоҷон Бобоев, Лутфулло Нуруллоев ва Фаворис Музрапов медали нуқраи ин чемпионатро касб намуданд.Дар партоби диск миёни бонувон Муштарӣ Бобоқулова соҳиби нишони биринҷӣ шуд, духтарони давандаи кишвар низ соҳиби медал гардидаанд.
Аз ҷумла дар мусофаи 4×400 –и омехта Бобоҷон Бобоев, Диана Абдуллоева, Муҳаммадризо Мирзозода ва Кристина Пронженко соҳиби нишонҳои биринҷӣ гардиданд.Интизор меравад, ки варзишгарони варзиши сабуки кишвар дар даҳаи дуюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Тошканд ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шаванд.Инчунин маврид ба зикр аст, ки тибқи квотаҳои ҷудошуда интизор меравад, ки бе дарёфти роҳхат Тоҷикистонро дар шиноварӣ 2 нафар ва варзиши сабук 1 нафар муаррифӣ кунад, ки онҳоро баъдтар федератсияҳои Тоҷикистон оид ба ин навъи варзишҳо муайян мекунанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)