Ятимов беҳтарин: Барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2024 маълум шуд
Тими «Истиқлол"-и Душанбе барои дувоздаҳумин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд.Дар бозии финалӣ тими Душанбе бо «Равшан"-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена"-и шаҳри Турсунзода рақобат намуд."Истиқлол« ба шарофати голҳои Рустам Соиров ва Элеке Блессинг бар „Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд, хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.Дар ин сабқат бозигари дастаи «Истиқлол» дарвозабон Рустам Ятимов беҳтарин дониста шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тими Душанбе феълан қаҳрамони Тоҷикистон буда, ҳарифаш тими «Равшан» барандаи медали нуқраи мавсими гузаштаи лигаи олӣ буд.
ФФТ зикр намуд, ки ин бозиро довари ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак доварӣ кард.Ёварони ӯ Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) буданд. Вазифаи довари эҳтиётиро Рустам Нурматов аз Душанбе иҷро кард. Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) дар VAR кор карда, Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) ёвари VAR буд.Ҳамчунин Абдураҳим Бобоев (Турсунзода) кори ҳайати доваронро назорат намуда, Субҳон Хоҷамов (Душанбе) комиссари бозӣ буд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)