Бузургтарин лӯлаи обгузари ноҳияи Зафаробод кафидааст: Шарҳи мақомот - видео

Бузургтарин лӯлаи обгузари ноҳияи Зафаробод кафидааст: Шарҳи мақомот - видео
Корҳои бартарафкунии садама дар қубури обгузари ноҳияи Зафаробод идома дорад, изҳор дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, Раҳим Ашурзода дар таъйиди хабар ба Sputnik Тоҷикистон.Бино ба иттилои манбаъ, садама чанде пеш аз ҳисоби якбора хомӯш шудани барқ рух додааст."Дар натиҷаи ноогоҳона хомӯш намудани барқ, кори муҳаррики пойгоҳи обкашӣ қатъ шуд ва оби дохили қубурбуда чанд ҷойи васлшавии онро рахна кардааст«, — гуфт манбаъ.Қубури обгузари „СМУ 26“ ягона лӯлаест, ки барориши аввали обрасонӣ дар ноҳияи Зафаробод тавассути он сурат мегирад.
Ин иншоот обро аз Сирдарё кашида ба ду наҳри дигар интиқол медиҳад ва ҳамин тавр об ба киштзорҳои ин ноҳияи кишоварзии Тоҷикистон расонида мешавад. „СМУ 26“ дар солҳои 70-уми замони Шӯравӣ сохта шудааст.
Зафаробод аз шумори ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон шумурда мешавад, ки бино ба омори расмӣ дар он беш аз 30 ҳазор га замин кишту парвариш карда мешавад.Деҳқонон дар ноҳияи Зафаробод мегӯянд, дафъаҳои охир бинобар фарсудашавии иншооти муҳими обрасонӣ, садамаҳо зуд — зуд рух медиҳад ва сабаби беобмонии киштзорҳо мегардад.



САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий