Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ИДМ дар Душанбе ҷаласа баргузор мекунанд

Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ИДМ дар Душанбе ҷаласа баргузор мекунанд
Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад.Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳамоиши байналмилалии мазкур бо иштироки мақомдорони баландпояи бахши муҳоҷират 28 май дар назар аст.Дар ҷаласа намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ширкат хоҳанд дошт.Қаблан Душанбею Маскав созиш карданд, ки барои ҳалли масоили марбути муҳоҷирати корӣ ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Русия дар муҳлати наздик музокирот анҷом хоҳанд дод.
Созиш дар ин бора зимни мулоқоти президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шудааст, иттилоъ дода буд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.Танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд, гуфт дафтари матбуоти президент.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий