Путин: Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст
Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар аксари бахшҳо рӯз ба рӯз фаъолтар рушд меёбанд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, дар Кремл.Мулоқот пас аз режаи низомӣ ба ба ифтихори 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх баргузор шуд."Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад«, — гуфт Путин.Вай афзуд, равобити Маскаву Душанбе дар бисёр бахшҳо фаъолона рушд мекунад.Роҳбари Русия дар ин мулоқот аз ҷумла таъкид кард, ки хадамоти иктишофии ду кишвар барои вокуниш ба хатарҳои террористӣ кор мебаранд."Хадамоти махсуси мо барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ кор доранд. Терроризм- ин таҳдид ба ҳама кишварҳост, ҳам барои Русия ва ҳам Тоҷикистон«, — гуфт раҳбари Русия.Путин ҳамчунин ба Раҳмон барои суханони тасаллият пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл изҳори ташаккур кард.
»Шумо яке аз аввалинҳо будед, ки дар робита ба ҳамлаи террористӣ таъзия баён кардед«, — гуфт президенти Русия.Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 май зимни як сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро, барои ширкат дар таҷлили ҷашни 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Маскав даъват кард.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Ҳамлаи террористӣ дар"Крокус Сити Холл«
Рӯзи 22 март дар толори консертии „Крокус Сити Холл“ воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.Муттаҳамон дар содир кардани ин ҷиноят 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот мегӯянд, муттаҳамон дар мошин сӯи марз бо Украина ҳаракат доштанд.Додгоҳи Басмании Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Чаҳор нафар гуноҳашонро иқрор карданд. Дар маҷмуъ 12 нафар ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд, ки 11 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистону як нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд.САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)