Путину Раҳмон барои музокироти ҳайатҳои баландпояи ду ҷониб созиш карданд

Путину Раҳмон барои музокироти ҳайатҳои баландпояи ду ҷониб созиш карданд
Барои ҳалли масоили марбути муҳоҷирати корӣ ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Русия дар муҳлати наздик музокирот анҷом хоҳанд дод.Созиш дар ин бора зимни мулоқоти президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шудааст, иттилоъ дод дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳарду ҷониб дар муҳлатҳои наздик музокирот доир намоянд.Танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд, гуфт дафтари матбуоти президент.
Манбаъ афзуд, ки дар ин замина ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои мазкур ба мувофиқа расиданд."Зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилоти дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бавуҷудомада бахусус таъкид гардид«, — омадааст дар иттилоия.
Дар самти мубориза бо терроризм Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин зарурати боз ҳам ҷоннок гардонидани ҳамоҳангиҳо ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ду кишварро таъкид карданд, афзуд дафтари матбуоти президент.Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Путин бо сафари корӣ дар Маскав қарор дошта, баробари дигар роҳбарони кишварҳои ИДМ дар ҷашни 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав ширкат кард.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий