Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Баргузории гузашти ҳарбӣ дар Рӯзи Ғалаба бар дӯши Вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳо вогузор шудааст.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Элмурод Турсунов хабар дод.Ӯ зикр кард, ки дар Рӯзи ғалаба маросими гулчанбаргузорӣ дар «Боғи ғалаба» баргузор мешавад."Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ ва собиқадорон иштирок мекунанд«, — таъкид кард муовини раиси Шӯро.Аммо дар бораи баргузории раҳпаймоии „Ҳанги ҷовидонӣ“ то ҳол маълумоти дақиқ вуҷуд надорад, гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.Турсунов гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд он ба далели амниятӣ ба мисли тасмими дар Русия гирифташуда баргузор нашавад."Агар тасмим гирифта шавад, ки ин раҳпаймоӣ баргузор шавад ва ба мо хабар диҳанд, дар татбиқи он мусоидат мекунем«, — хулоса кард ӯ.Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки дар арафаи ин сана аз аҳволи собиқадорон хабар гирифта дар суҳбатҳо аз корнамоии онҳо гуфта хоҳад шуд.Қаблан дар қабристони православии шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор шуда буд. Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Чорабинӣ ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда, дар он беш аз 500 нафар ширкат доштанд.Онҳо зиёда аз 1000 қабрро тоза карданд. Қобили зикр аст, ки ҳамасола чунин чорабиниҳо дар қабристонҳо ва дафнгоҳҳои низомии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)