Иди нав дар тақвими ҷаҳонӣ: СММ пешниҳоди Раҳмонро қабул кард
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро барои эълон намудани «Рӯзи байналмилалии морхӯр» тариқи қатънома қабул кард.Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон, бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.Ҳамчунин дар санади мазкур аҳаммияти Конфронси нӯҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори кӯҳӣ, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, таъкид шудааст, омадааст дар иттилоия.Таъкид шудаст, ки қатънома аҳаммияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.
Дар он инчунин аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст.
Морхӯр (Capra falconeri-бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шумор меравад.Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, биогуногунӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо дарназардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир, муҳим ба назар мерасад, афзудаст ВУХ.Бузи пармашох ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шуда, шикори он бо квотаи махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ бо теъдоди маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин шикор яке аз гаронтаринҳо буда, арзиши он садҳо ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шикаори ғайриқонунии он қариби як млн сомонӣ ҷарима дар пай дорад.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)