Сафири Эрон дар Туркия аз он тааҷҷуб кард, ки Амрико аз ҳамла дар Русия пешакӣ огоҳ буд
Сафири Эрон дар Анқара Муҳаммад Ҳасан Ҳабибуллоҳзода бар ин назар аст, ки ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Маскав ва шаҳри Кирмони Эрон ба ҳам монанданд.
Дипломат аз он. ки Иёлоти Муттаҳида аз он чи гуна пешакӣ огоҳ буд, ҳайрон мондааст, менависад рӯзномаи Aydınlık."Чанд моҳ пеш дар Кирмон 89 нафар кушта шуданд. Ҳоло ҳамин амалиёт дар Русия такрор шудааст… Ҳамлаи террористӣ дар Русия ва ҳамлаи террористӣ дар Эрон ба ҳам монанд аст«, — мегӯяд ӯ.Ҳабибуллозода аз он дар ҳайрат аст, ки „ИМА аз ҳамалоти террористӣ аз куҷо огоҳ аст ва чаро ин ҳамлаҳо дар минтақаи мо рух медиҳанд?“.
Дар Кирмон рӯзи 3 январ ҳангоми маросими дафни генерал Қосим Сулаймонӣ ба муносибати чаҳорумин солгарди марги генерали Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ инфиҷор рух дод.Дар ин ҳодиса даҳҳо нафар кушта ва бештар аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Баъдан хабаргузории давлатии Эрон ИРНА бо такя ба як манбаъ дар вазорати хориҷа иддаои расонаҳои ғарбиро дар бораи он ки Вашингтон Теҳронро аз ҳамлаи террористии дарпешистода дар Кирмон ҳушдор додааст, рад кард.
Сафорати ИМА дар Русия рӯзи 8 март гуфт, гузоришҳо дар бораи нақшаҳои „ифротгароён"-и ҳамла ба ҷамъомадҳои бузурги мардум дар Маскав, аз ҷумла консертҳоро назорат мекунад.Гузашта аз ин, пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус, Кохи Сафед ба РИА Новости гуфт, ки дар моҳи март Иёлоти Муттаҳида дар бораи омодагии ҳамлаи террористӣ дар Маскав, эҳтимолан дар ҷойҳои серодам маълумот гирифта, онро бо ҷониби Русия мубодила кардааст.Дар навбати худ Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ба РИА Новости гуфт, ки сафорати Русия дар Вашингтон дар пасманзари гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои террористии дарпешистода дар Маскав, ки қаблан аз ҷониби намояндагии дипломатии Амрико нашр шуда буд, огоҳӣ нагирифтааст.Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки агар Иёлоти Муттаҳида маълумоти боэътимод дар бораи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дошта бошад, он бояд фавран ба ҷониби Русия интиқол дода шавад.Шоми 22 март пеш аз баргузории консерт дар Крокус Сити Холл дар Красногорски наздикии Маскав тирпарронӣ ва оташсӯзӣ рух дод.Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишот, 139 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, 152 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)