Бозии мунтахаби Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт

Бозии мунтахаби Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо рақибони Арабистони Саудӣ бозӣ кард.Бозии даври чоруми даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.Голи мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Соиров ба самар расонд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.Дастаҳо қаблан дар варзишгоҳи Донишгоҳи Кинг Сауд дар Риёз вохӯрданд. Он замон дастаи мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе аз мизбонон бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрд.Бозиҳои навбатии тими миллӣ 6 июн дар Аммон бо тими Урдун ва 11 июн дар Душанбе бо Покистон баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин бозиҳои тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нав Гела Шекалидзе аст, ки чанде қабл Петр Сегртро иваз кард.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий